Дурӯя

Чанд рӯз қабл, дар сомонаи расмии ташкилоти ҷамъиятии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мақолаи бардурӯғе нашр шуд, ки “Гурӯҳи 24”-ро бадном мекард. Ташкилоти номбурда, дар Федератсияи Русия фаъолият карда, аз лиҳози оинномааш бояд аз манфиати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, пуштибонӣ кунад. Аммо мутаассифона, роҳбари ташкилоти номбурда вақтҳои охир самти фаъолияти ташкилоташро тағйир дода, ин ташкилотро ба як воситаи таблиғоти идеологии режими Раҳмонов миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия табдил додааст.

Каромат Шарифов хилофи принсипу мақсадҳои ташкилоти номбурда, ки аз ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирон иборат аст, ошкоро аз Раҳмонов пуштибонӣ мекунад. Шояд ӯ фаромӯш кардааст, ки беш аз 2 миллион шаҳрвандони мо маҷбуранд дар Русия мисли ғулом кор кунанд. Фаромӯш кардааст, ки ҳуқуқи онҳо ҳама вақт поймол мешавад ва онҳо дар шароити бадтарин дар асри 21-ум зиндагӣ мекунанд ва ин ҳама натиҷаи сиёсати Раҳмонов аст. Шахси номбурда, аз режими хунхори Раҳмонов ягон фарқияте надорад, чунки ӯ ҳам, пеш аз ҳама барои манфиати шахсии худ фаъолият карда, ҳар вақт нуқтаи назари худро бо мақсадҳои ғаразнок тағйир медиҳад. Ин навъ инсонҳоро байни мардум “дурӯя” ном мебаранд. Ӯ сари гуфтаҳои худ доимӣ намеистад ва дар фикри манфиатҳои муҳоҷирон ҳам нест. Вақтҳои охир, фаъолияти ӯро мушоҳида карда, метавон хулоса баровард, ки ӯ як барномаи рӯшан оиди сафед кардани амалҳои режими Раҳмонов миёни муҳоҷирони мо дар Русия ва паст кардани таъсири “Гурӯҳи 24” дар Русияро дорад. Боз метавон тахмин зад, ки ин барномаи номбурда аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон тайёр карда шуда, татбиқи он ба Каромат Шарифов гузошта шудааст, чунки баъд аз чорабинии “Гурӯҳи 24”; “пешвози гарми Раҳмонов” дар Санкт-Петербург ва дигар чорабиниҳо, Раҳмонов ва атрофиёнаш дар ғазаб омада буданд. Барои ҳамин, ба Каромат подош ваъда карда, режим татбиқи барномаро ба ӯ вогузор мекунанд. Татбиқи барномаи номбурда, худ ба манфиатҳои Каромат Шарифов ҳам рост меояд, ки мехоҳад ин бахшро аз худ (монополия) кунад ва ҳуқуқи муҳоҷиронро ба тиҷорати шахсии худ табдил диҳад. Ба монанди Раҳмонов, ки ҳукуматро дар Тоҷикистон аз худ(монополия) карда, кишварро ба як тиҷорати шахсӣ табдил додааст. “Гурӯҳи 24” бо тамоми масъулияти худ баён менамояд, ки шахсе бо номи Муминов Исломуддин, ки ба Каромат Шарифов баён кардааст ки гӯё аъзои “Гурӯҳи 24” будааст, дар асл, ҳеҷ вақт аъзои гурӯҳ набуд. Ӯ фақат яке аз тарафдорони гурӯҳ буда, дар радиоканали “Тоҷикистони нав 2”, дар “Зелло”, муддати муайяне мисли бисёре аз шаҳрвандони мо суханронӣ мекард. Баъди он ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон болои хонаводаи ӯ фишор оварданд, ӯ ба ин ҳама фишор тоб наоварда, маҷбур шуд, ки дидгоҳи худро иваз кунад. Барои “Гурӯҳи 24” ин падидаи наве нест. Агар Каромат Шарифов ба манфиати шахсии худ ва манфиатҳои режими Раҳмонов амал намекард, ӯ метавонист барои муайян намудани асли воқеъа ва барқарор кардани ҳақиқат нисбати ин шахси номбурда, бо масъулони “Гурӯҳи 24” дар тамос шавад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

  • https://www.facebook.com/app_scoped_user_id/123446894961344/

    Рости Манро мушкили афтод мо як гурух бачахо кор мекардем дар руссия дар стройка 6 мох пуламонро надодан Ман фахмидам Ки Кароматулло Шарипов хаст замин хел одамро офисаш рафтам уровень дарефт накардам юристащро дидам гуфтам,Ки мо дар хамин хел холат афтодем ердамда Карда ме тавонед гуфт ки .ха метавонем ,гуфтам срочно Коро буд кардан даркор срочно бошад аз обши сумматон 50 фоиз мегирам .Ман гуфтам Ман рози.условияи Ман хамин Ки пулро гарантия Кати мегирен метен .агар натонем через суд Кати мегирен.ман гуфтам ин хел гапоинавистаги манда намегузарад.ду рузба буд шавад.рози нашуд .худоба шукр бе фоиз худам буд кардамон .Рости Ман КароматуллоШарифхон дида натавонистам.кушиш кардамон натавониста.Офиси Кароматулло Шариф дар метром Цветной Бульвар буд.пеши Кахвахонада.едамба хаст.